Комментарий 4 Написал:
он же умный парень дипломированный ну и зачем такие поступки просто глупо так делать вед мы же не где-то там в Америки у нас маленькая страна быстро найдут если им заплотят.
Комментарий 3 Написал: закон есть закон!!!! 25 января 2011 12:29
э аз восеъ боша боз як лакай кам да.хеч гап не.
Комментарий 2 Написал: tajik 24 января 2011 09:15
Жалко. Но конун конун аст.
Комментарий 1 Написал: Кулобибача 23 января 2011 12:49
Ӯ аз директории бозор $ 1 000 000 талаб кардРӯзи 1- уми июли соли 2010 соати 17:48 ба телефони шаҳрванд Кабиров Аваз, директори як аз бозорҳои машҳур ва калонтарини пойтахт, бозори «Султони кабир» айнан чунин хабари таҳдидомез ворид шуд: «Раис якум худат дуюм хонаат сеюм бозори С.Т. Плендай як соат вакт як миллион доллар тайёр кун. Агар ғайр аз худат як одами личний хит кард кора пулт Ж некоторый текст отсутствует ж хамаша камера кати ниго дорем дар хона якташа гур накардам, ки ту б ж некоторый текст отсутствует ж». Он шомгоҳ боз якчанд маротибаи дигар ба телефони Кабиров А. пасиҳам хабарнома омада, аз ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ як миллион доллар талаб мекарданд. Дар сурати иҷро нагардидани ин хоҳиш шахси тамаъҷӯй ишора мекард, ки дар бозори Султони Кабир 7-то ва дар хонааш 3-то маводи тарканда гузоштааст. Вақте ба талаби шахси «террорист» на даҳонӣ ва на хаттӣ ҷавоб дода нашуд, ӯ бо таҳдид хабарномаро дар шакли зайл равон намуд:«Атвет нависо хозир хоната мекафонем 5 минут вакт «Раиси Аваз пагох бозор кор накна, ки дар хуни халк зомин меши».Шунидани ин хабари ногаҳонӣ, ки таҳлукаомез ва то ҷое даҳшатовар буд, наметавонист шахси солимфикрро нисбат ба пешомаду оқибати чунин амали даҳшатзо бепарво ва бетараф гузорад. Зеро мо ҳамарӯза аз расонаҳо мебинем ва мешунавем, ки бар асари таркишу актҳои террористӣ дар минтақахои ноороми курраи Замин чӣ қадар мардуми бегуноҳ ҷони худро аз даст додаву чӣ миқдор саргардониҳо ҳангоми шунидани ин гуна хабар кормандони ҳифзи ҳуқуқро пеш меояд.Он шабу рӯз Кабиров А. ба тӯйи духтараш, ки ба шавҳар медод, омодагӣ мегирифт. Баробари шунидани ин хабар гарчанде дар зоҳир худро ором нишон доданӣ мешуд, вале дар сараш ҳазор тахмину гумонҳои шубҳанок пайдо гашта, бовариаш намеомад, ки чунин ҳолату вазъият ҷой доштанаш мумкин аст. Шояд касе тӯйро вайрон ва обруву эҳтироми ӯро байни дар мардум паст карданӣ аст ва бо ин мақсад бардурӯғ ин гуна хабарҳоро мерасонад, - гӯён худро ором карданӣ шуд. Субҳи якуми июл писари бародараш Алишер, ки дар хонаи ӯ нигаҳбонӣ ва тозагии гирду атрофи онро ба ӯҳда дошт, хабар овард, ки дар зери яке аз дарахтони арчаи наздики дарвоза чизи шубҳаноки ба моддаҳои тарканда монанд гузошта шудааст. Ӯ дарҳол рафта он ҷоро аз назар гузаронид ва дид, ки дар байни алафҳои таги дарахти арча як чизи дар матои рангаш сабз печондашуда гузошта шудааст. Матои латтагин болояш кушода буд ва бодиққат нигоҳ кард, ки қубурчаҳои кӯтоҳ, симҳои ҳарранга, таблои электронӣ, батареяи бо ҳам пайваст намуда, дар скоч печонида шуда буданд. Аз шаклу намуди он чизҳо ӯ дарк намуд, ки касе воситаҳои таркандаро дар ҳавлиаш гузоштааст ва хабари шомгоҳи рӯзи гузашта ба воситаи телефон омада шубҳаи ӯро бартараф сохта, ба ҷиянаш амр кард ба он чизҳо даст нарасонда, аз он ҷо дуртар равад. Ӯ аз чунин вазъияти ба амал омада, зуд ба ВКД-и ҷумҳурӣ хабар дод. Дар кӯтоҳтарин фурсат кормандони милитсия ба хонаи ӯ расида омаданд ва он чизҳоро дида, хулоса карданд, ки таҷҳизоти ба воситаҳои тарканда монанд дар ҳавлии Кабиров А. гузошта шудааст.Дар мудддати беш аз ним соат кормандони милитсия бо мақсади андешидани чораҳои бехатарӣ аҳли оиларо аз хонаҳо бароварданд ва коршиносон ба воситаи лавозимоти безараркунанда маводи дар зери арча бударо барои ташхис ба рӯи ҳавлӣ оварданд. Мутахассисон маълум намуданд, ки маводҳои гузошташуда, ба воситаҳои тарканда монанд сохта шудаанд. Соҳибхона дар тааҷҷуб афтод, ки бо вуҷуди баланд будани деворҳои манзили истиқоматӣ ва то дина тозаву рубучин кардани гирду атрофи ҳавлӣ барои тайёрӣ ба тӯй, онҳо чизи шубҳанокеро пайдо накарда буданд. Баъди гирифтани он дастгоҳи худсохт ва пурра азназар гузаронидани ҳавлӣ Кабиров А. ба хулоса омад, ки касе ӯро тарсонида, бо ин роҳ мақсади нопокашро амалӣ карданӣ аст. Гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон дода шуда, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ошкор сохтани ин ҷиноят сафарбар гардиданд. Натиҷаи бедорхобию заҳмати шабонарӯзӣ ва андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ имкон дод, ки баъди як шабонарӯз, яъне шаби 2 июл гумонбар Абдураҳимов Даврон, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ дастгир гардид.Чӣ зарурате пеш омад, ки як нафар ҷавони 25 сола, дорои маълумоти олӣ чунин нақшаи зишту кирдори бебунёдро тарҳрезӣ кунад. Дар мурофиаи судӣ гумонбар иброз дошт, ки баъди ба садама дучор шудани падараш барои табобати ӯ пайвандонаш азобу душворӣ кашиданд. Падараш роҳ рафтану дуруст гап зада наметавонад ва ин ҳолати ӯро дида, азоби рӯҳӣ мекашид ва доим фикр мекард, ки аз куҷо маблағи пулӣ пайдо намояд, то падарашро ба хорича бурда, табобат кунад. Ҳар сол ду-се маротиба ӯро ба шаҳри Душанбе оварда, табобат мекарданд, вале натиҷаи хуб намедод. Аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашиданд. Азоби падарашро мушоҳида намуда, ҳамчун ҷавонмард худро сарзаниш мекард ва дард мекашид, ки чун марди хона барои падарашро табобат кардан ягон кор карда наметавонад. Даврон медонист, ки директори бозори «Султони Кабир» аз ноҳияашон мебошад ва инро вақти дар курси чоруми донишкадаи олӣ хонданаш аз як нафар ҳамсинфаш, ки дар он бозор савдо мекард фаҳмида, сифатҳои ӯро шунида буд. Пеши худ мақсад гузошт, ки назди ӯ рафта худро шинос намояд ва барои табобати падараш пул пурсад. Ба ин хотир аз шиносҳояш тахминан дар куҷо ҷойгир будани хонаи директорро фаҳмида, бо мақсади аниқ муайян кардан, ба маҳалли зисти ӯ омад. Баъди аз раҳгузарон пурсупос кардан, ниҳоят аз забони ду нафар кӯдаке, ки он ҷо бозӣ мекарданд, хонаро муайян намуд. Даврон пешакӣ аз шиносу корафтодагон мақсади аз Кабиров А. кӯмак хостанашро иброз намуда, маслиҳат пурсид, аммо онҳо инро ғайриимкон дониста, ин маслиҳатро раво надиданд. Вақте дар қабулгоҳи ҳуҷраи кории директор бо як нафар аз ин хусус сухан кушод, он нафар маслиҳат дод, ки раис пул намедиҳад, беҳтараш аз паси кораш шавад. Даврон баъди чунин вазъият қатъӣ қарор дод, ки бо роҳи тарсонидан, аз хӯҷаини бозор як миллион доллар талаб мекунад. Ӯ аз навори кинофилмҳо зиёд дидаву мушоҳида карда буд, ки бо роҳи гузоштани маводҳои тарканда чӣ гуна шахсони мансабдорро тарсонида, аз онҳо пулу мол мегиранд. Абдураҳимов Д. нақшаи амалӣ сохтани кирдори ҷинояткоронаашро бо ба даст овардани ду адад симкарта оғоз кард. Хонаи холаашро барои худ макони зист қарор дода, рӯзи 28 июн аз Маркази диллерӣ бо роҳи фиреб, яъне бо ваъдаи баъдан пешниҳод кардани нусхаи шиноснома ду адад симкартаи ширкати «Билайн»-ро харидорӣ намуд. Мақсади ба даст овардани симкартаҳо ин тавассути телефон таҳдиду талаб кардани маблағ буд, зеро медонист, ки аз телефони худаш занг задан, сабаби ошкор шудани сирру асрораш мегашт.Худи ҳамон рӯз бо мақсади анҷом додани кори асосӣ, яъне омода сохтани таҷҳизоти тарканда, ӯ ба бозори «Султони Кабир» рафта, аз он ҷо 14 адад трубаи пласмасӣ, ноқил, лампочка, тарозуи барқӣ, скотч ва ранг харида, аз пайи кор шуд. Бо мақсади воҳиманок гардидани таҷҳизоти тарканда, ӯ трубаҳоро ранги зарҳалӣ намуда, ноқилҳои ҳаррангаро тавассути скотч ба батерея пайваст ва як адад пулти майдаро низ дохили он гузошт.Даврон пеш аз гузоштани дастгоҳи тарканда, бо мақсади роҳи даромадро омӯхтан ҷониби хонаи Кабиров А. роҳ гирифт. Деворҳои баланди манзили истиқоматӣ имкони ба хона ворид шуданро намедоданд ва ягона роҳе, ки ӯ барои худ интихоб кард, ин симчӯби бари девор буд, ки ба он баромадан низ душворӣ мекард. Абдураҳимов А., ки ба ин кор ҷиддан машғул буд, зиёд фикр накард ва бо ба даст овардани якчанд дона арматура ва ба дасти устои кафшергар 10 сомонӣ додан, шрупҳои худсохт ва мехҳои оҳаниро барои ба симчӯб баромадан мувофиқ карда, бо худ ҳамроҳ гирифтРӯзи 29 июни соли 2010 чоштгоҳ Абдураҳимов Д. асбобҳои тайёр намудаашро ба латтапораи сабзе печонида, дохили борхалтаи селофанӣ гузошт ва ба автобуси 18 нишаста, дар назди истгоҳи «Ориёнбонк» аз он фаромад. Он замон дар бинои ҳамшафат устоҳо кор мекарданд ва то рафтани коргарону торик шудани гирду атроф ӯ он ҷо мунтазир истод.Вақте торикӣ фаро расиду рафтуои мардум кам гашт, Даврон олоти аз арматур тайёр кардаашро ба танаи симчӯб зад, бо он боло баромад ва ба воситаи сангҳои бари девор поён омада, халтаи селофаниро назди дарахти арча гузошта, бозпас гашт. Вақт, ки аз нисф гузаштаву нақлиёт набуд, ӯ то субҳ дар хараки чӯбини назди хонаи Кабиров А. шабро рӯз карда, пагоҳӣ ба хонаи холааш, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ рафт.Рӯзи 30 июн Абдураҳимов Д. баъди ба телефони Кабиров А. занг задану ҷавоб нагирифтан, бо матни «Илтимос ба ман занг занед» хабар равон намуд. Баъди муштарӣ занг назадан, ӯ ба таҳдид гузашта, хабарҳои тарконидани хонаву дар ва бозори «Султони Кабир»-ро пайи ҳам равон намуда, таъкид мекард, ки агар маблағи заруриро дастрас накунад, хуни садҳо нафар дар гардани соҳиби бозор бор мешавад.Баъди бебарор анҷомидани ҳама кӯшишу талошҳои Абдураҳмонов Д. ӯ дар баробари дастгир ва паси панҷара шудан, падари дардманду мӯҳтоҷаш, модари муштипару ғамхор ва ҳамсари интизорашро танҳо гузошт.Суди ноҳияи И.Сомонӣ парвандаи ҷиноятиро бо айбдории шаҳрванд Абдураҳмонов Д. дар мурофиаи кушоди судӣ дида баромада, ӯро тибқи моддаи 250 қ. 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор донист ва ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд.Дар ҳаёт коре ё масъалае нест, ки роҳи ҳалли худро надошта бошад. Танҳо ин роҳро оқилона ва бошуурона, бо назардошти меъёрҳои хуқукию ахлоқии ҷомеа бояд интихоб намуд, ки мушкилӣ ё ноҷӯрие пешорӯи кас нагардад.Курбонов В., муфаттиши калон оид ба корҳоимахсусан муҳими Раёсати тафтишотииВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсияҶалолиддин Садриддинов,корманди ВКД,подполковники милитсия
Террорист дар Султони Кабир
Загрузка. Пожалуйста, подождите...
Террорист дар Султони Кабир » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
Комментариев нет:
Отправить комментарий